Ссылки доступа

Таъхири парвози хориҷӣ бо айби қирғизи сархуш


Дар ҳавопаймои самти "Алмаато - Куала-Лумпур"-и ширкати Air Astana шаҳрванди 23-солаи Қирғизистон ҷанҷол карда, мусофирон ва меҳмондорони ҳавопайморо дашном додааст, хабар медиҳанд расонаҳои Қазоқистон.

Ин шаҳрванди Қирғизистон сархуш ё маст будааст, менависанд расонаҳои қазоқӣ.

Пулис нисбати шаҳрванди Қирғизистон тибқи ду моддаи Кодекси ҷиноятии Қазоқистон - "Вайрон кардани тартибот дар ҳавопаймо" ва "Нӯшидани май ва ё дар ҳолати мастӣ дар мазҳари ом ҳозир шудан" санади маъмурӣ тартиб додааст.

Тавре аз фурудгоҳи Алмаато хабар додаанд, ҳавопаймо ба далели ин ҷанҷоли шаҳрванди Қирғизистон бо 45 дақиқа таъхир парвоз кардааст.

XS
SM
MD
LG