Ссылки доступа

Сафари таърихии Барак Обама ба Хиросима


Барак Обама, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико моҳи равон ба шаҳри Хиросимаи Ҷопон сафар хоҳад кард. Ин боздиди нахустини президенти кунунии Амрико аз минтақае ба ҳисоб меравад, ки бори нахуст дар таърих бо силоҳи ҳастаӣ ҳамла шуд.

Кохи сафед мегӯяд, боздиди Обама аз Хиросима дар доираи сафараш ба Осиё рӯзи 27 май сурат мегирад, ки қарор аст, ӯ дар ҷараёни ин сафар ба Ветнам ҳам биравад. Президенти ИМА дар Ҷопон дар саммити раҳбарони "Ҳафтгонаи бузург" иштирок хоҳад кард.

Дастгоҳи президенти Амрико дар шарҳи хабар гуфтааст, ин боздиди Обама аз уҳдадориҳои раҳбарияти Кохи сафед дар мавриди "сулҳу амнияти бе силоҳи ҳастаӣ" шаҳодат медиҳад.

Бо ин ҳол, мақомоти ИМА расман сурат гирифтани узрхоҳиро аз эҳтимол дур медонанд. Рӯзи 6 августи 1945 ҳавопаймоҳои бомбаандози амрикоӣ болои шаҳри Хиросима бомбаи 15-тоннаи ҳастаиро партофтанд, ки боиси кушта шудани 80 ҳазор одам шуд.

Баъд аз се рӯз ин гуна ҳамла ба шаҳри Нагасаки Ҷопон ҳам анҷом дода шуд, ки ба назари коршиносон, ин таркишҳо ба хотима ёфтани Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ мусоидат карданд.

XS
SM
MD
LG