Ссылки доступа

Дар куҳҳои Қирғизистон нишонаҳои уқёнуси хушкида пайдо шуд


Гуруҳи олимони байналхалқӣ дар куҳҳои Тян-Шани Қирғизистон нишонаҳои ҷазираҳои қадимиеро, ки дар уқёнус ҷойгир буданд, пайдо карданд. Дар ин бора хадамоти матбуотии Донишгоҳи давлатии Новосибирски Русия хабар медиҳад.

Дар ин таҳқиқот намояндагони Русия, Олмон, Бритониё ва Ҷопон ширкат кардаанд. Натиҷаҳои таҳқиқот дар маҷаллаи илмии Gondwana Research нашр шудааст.

Ба иттилои корманди калони илмии Донишгоҳи Новосибирск Инна Сафонова, нишонаҳои ҷазираҳои қадимӣ дар қисмати қирғизистонии қануби куҳҳои Тян-Шан пайдо гардидааст.

"Гап танҳо дар бораи навъҳои уқёнусӣ намеравад, ки дар гузашта дар умқи уқёнус ҷой доштанд. Мо маҳз нишонаҳои ҷазираҳои уқёнусиро пайдо кардем", - хабар медиҳад Сафонова.

Ҳоло олимон бар ин назаранд, ки замоне нимуқёнуси Туркистон миёни Қазоқистон ва қитъаи Тарим, ки ҳоло қитъаи АвруОсиё номида мешавад, ҷойгир буд.

XS
SM
MD
LG