Ссылки доступа

Ӯзбекистон: рафтани мактаббачаҳо ба масҷид манъ шуд


Мақомоти Ӯзбекистон дар доираи сиёсати ноисломиашон, рафтани мактаббачаҳоро ба масҷид ҳангоми таътили тобистона манъ кардаанд.

Ибтидои моҳи май падару модарон дар вилояти Андиҷон аз шуъбаи маорифи маҳаллӣ "кафолатнома"-еро дарёфт кардаанд, ки дар он рӯйхати фаъолиятҳои манъшуда барои мактаббачагон дар таътили тобистона омадааст.

Сомонаи бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ нусхаи ин номаро нашр карда, менависад, ки бо ин мазмун ба падару модарони мактаббачаҳои шаҳру ноҳияҳои дигари Ӯзбекистон ҳам мактуб фиристода шудааст.

Дар ин нома падару модарони мактаббачаҳо вазифадор шудаанд, ки дар таътили тобистона рафтору кирдори фарзандҳояшонро назорат карда, аз рафтани онҳо ба масҷид ва пайвастан ба ҷараёнҳои ифротӣ пешгирӣ намоянд. Мактаббачагоне, ки падару модарашон зери ин номаи Вазорати маорифи Ӯзбекистон имзо гузоштаанд, баъд аз соати 18:00 бе ҳамроҳии калонсолон ба кӯча баромада наметавонанд. Инчунин рафтан ба "интернет, game club ва playstation" манъ аст.

Дар сурати иҷро нашудани талаботи ин "кафолатнома", падару модарон бар асоси "меъёри қонунҳои амалкунанда" муҷозот хоҳанд шуд. Зидди иштироки кӯдакон дар намозҳои ҷамоат дар баъзе аз масҷидҳо низ иқдомҳое рӯи даст гирифта шудааст. Барои мисол, дар масҷидҳои вилояти Андиҷон овезаҳое пайдо шудаанд, ки ворид шудани кӯдакон ба ибодатгоҳро манъ мекунанд.

XS
SM
MD
LG