Ссылки доступа

Қазоқистон: ҳаҷми содироту воридот кам мешавад


Бонки марказии Қазоқистон мегӯяд, ҳаҷми содироти мол дар семоҳаи аввали соли равон 8,4 миллиард долларро ташкил дода, ки нисбат ба ҳамин давраи муайяни соли гузашта 30 дарсад кам аст.

Сомонаи расмии ин бонк имрӯз дар ин бора иттилоия нашр кард, ки дар он сабаби коҳиш ёфтани ҳаҷми содирот поин рафтани нархи нефт гуфта мешавад. Нисбат ба семоҳаи ахири соли 2015 ҳаҷми содирот беш аз 15 дарсад ва арзиши содироти нефт ва конденсати газ 41,1 дарсад коҳиш ёфтааст.

Бонки марказии Қазоқистон инчунин гуфтааст, ки аз ҳад зиёд коҳиш ёфтани ҳаҷми воридот ҳам мушоҳида мешавад. Тибқи иттилои манбаъ, ҳаҷми воридоти мол дар семоҳаи аввали соли равон 5,7 миллиард долларо ташкил дода, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи муайяни соли 2015 27,8 дарсад кам аст.

"Якбора поин рафтани ҳаҷми воридот таъсири қурб аст. Воридоти ҳама гуна навъи маҳсулот коҳиш ёфтааст. Албатта, ин чиз бештар дар молҳои ғайриистеъмолӣ ва сармоягузорӣ мушоҳида мешавад", - омадааст дар иттилоияи Бонки марказии Қазоқистон.

XS
SM
MD
LG