Ссылки доступа

Талаби ҳукми абад барои 4 узви Раёсати олии ҲНИТ


Додситонӣ дар мурофиаи додгоҳии 13 узви Раёсати олии Ҳизби мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) барои чаҳор тани онҳо аз додгоҳ ҳукми абад хостааст.

Намояндаи додситонӣ дар ин мурофиа, ки паси дарҳои баста дирӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, гуфтааст, айби ин чаҳор узви фаъоли ҲНИТ, аз нигоҳи вай, дар додгоҳ исбот гардид. Барои 9 нафари дигари узви фаъоли ин ҳизби мамнуъ аз 8 то 30 солӣ зиндон талаб шудааст.

13 узви фаъоли ҲНИТ 16-17 сентябри соли гузашта баъд аз он боздошт шуданд, ки мақомот аз анҷоми амалиёти зидди гурӯҳи мусаллаҳи муовини пешини вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал Абдуҳалим Назарзода хабар доданд.

Мақомоти Тоҷикистон ҲНИТ, аз ҷумла раҳбари он Муҳиддин Кабириро, ки ҳоло ихтиёран дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекунад, ба ҳамдастӣ дар ин исёни мусаллаҳ айбдор карданд.

29-уми сентябр давлати Тоҷикистон ҲНИТ-ро ба рӯйхати созмонҳои террористӣ ворид намуд. Муҳиддин Кабирӣ ин айбҳоро рад карда, гуфт, ки ин исён танҳо баҳонае барои манъи фаъолияти ҲНИТ дар кишвар буд.

XS
SM
MD
LG