Ссылки доступа

Зиндагии минималӣ: чӯҷа бар ивази маош


Дар ноҳияи Нуқусси Қарақалпоқистони Ӯзбекистон бо сабаби набуди пули нақд, ба омӯзгорон чӯҷаи мурғ додаанд. Соли гузашта ҳам ба омӯзгорони Қарақалпоқистон бар ивази маош картошка, сабзӣ ва каду дода буданд.

Набуди пули нақд дар Ӯзбекистон ба як "бемории тӯлонӣ"-и ду соли охир табдил шудааст. Маҳз ба ҳамин сабаб сокинон наметавонанд моҳҳои тӯлонӣ нафақа ва маош бигиранд.

Пештар аз ин расонаҳо навишта буданд, ки дар Ӯзбекистон бар ивази маош ба шаҳрвандон лампа ва ё маҳсулоти кишоварзиро бо арзиши гаронтар медиҳанд.

Ба вижа дар моҳи феврали соли ҷорӣ тибқи дастури раҳабри раёсати "Ӯзбекэнерго" Искандар Басидов 66 579 корманди раёсати мазкурро маҷбур кардаанд, ки ҳар моҳ 3 адад лампаи гаронарзиши LED бихаранд. Ин лампаҳоро ду ширкати саҳҳомии "Ӯзбекэнерго" истеҳсол мекунад.

XS
SM
MD
LG