Ссылки доступа

Ҷарима барои "нодухтар" гуфтани ҳамсар


Додгоҳи ноҳияи Муъминобод як сокини ин ноҳияро барои "нодухтар" гуфтани ҳамсараш ба пардохти 600 сомонӣ вазифадор кардааст.

Мадинаи Ҳаким, сокини 21-солаи ноҳияи Муъминобод, аз шавҳараш, ки ба бокира будани ӯ шубҳа карда, зери таънаву маломат гирифтааст, ҷуброни зарари маънавӣ рӯёнидааст. Ин зани ҷавон аз хонаводаи ҳамсараш 10 ҳазор сомонӣ талаб кард, аммо додгоҳ бо дарназардошти вазъи молии ҳамсараш ӯро ба супурдани ҷарима дар ҳаҷми 600 сомонӣ вазифадор намудааст.

Бино ба омори расмӣ, танҳо дар соли 2015 ба Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи пизишкӣ – додгоҳӣ танҳо аз Душанбе ва ноҳияҳои тобеи пойтахт барои ташхиси бакорат 600 муроҷиат сурат гирифтааст. Даъвогарони аслӣ волидони арӯсҳое будаанд, ки дар як шаб ба бадномтарин духтари кӯча табдил шудаанд.

XS
SM
MD
LG