Ссылки доступа

Иҷрои тарҳи CASA-1000 расман оғоз шуд


Иҷрои қисмати тоҷикистонии тарҳи CASA-1000, ки барои интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон пешбинӣ шудааст, имрӯз расман дар шаҳри Турсунзода оғоз гардид.

Дар маросими ифтитоҳи ин тарҳ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ, сарвазири Покистон Навоз Шариф ва сарвазири Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков иштирок карданд.

Интизор меравад, дар марҳилаи аввал хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқи 500 кВ-и “Датка-Хуҷанд” (477 километр) сохта шавад, ки Қирғизистону Тоҷикистонро ба ҳам пайваст мекунад.

Сипас қарор аст, хатти интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва шаҳри Пешовари Покистон (750 километр) кашида шавад. Маблағи умумии ин тарҳ 953 миллион доллар аст.

XS
SM
MD
LG