Ссылки доступа

Гуфтушуниди "Чаҳоргонаи нормандӣ" дар Берлин ба поён расид


Павел Климкин, вазири корҳои хориҷии Украина гуфт, дар рафти мулоқоти вазирони корҳои хориҷии "чаҳоргонаи нормандӣ" дар Берлини Олмон бо ҷониби Русия дар масъалаи шароити баргузории интихобот дар Донбасс ба тавофуқ нарасидаанд.

Климкин мегӯяд, ҷониби Русия қонунгузории интихоботии худро пешниҳод кардааст. "Мо имкон дорем, ки қонунгузории Украинаро худамон таҳия кунем ва барои мо машварат лозим нест", - гуфт Климкин. Вай меафзояд, барои Киев масъалаи ташкили интихоботи маҳиллӣ дар Донбасс аҳамияти зиёд дорад.

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия дар навбати худ гуфт, баргузории интихобот дар Донбасс бе иҷрои шартҳои мушаххас ғайри имкон аст. Ба гуфтаи вай, бояд қонуне дар бораи интихобот мавҷуд бошад, ки Донестку Луганск онро эътироф кунанд. "Ва албатта бе эълони афв ҳеч интихоботе имконпазир нест", - меафзояд Лавров.

Дар остонаи баргузории мулоқот вазири корҳои хориҷии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер гуфт, созишномаи баргузории интихобот дар шарқи Украинаро пешниҳод хоҳад кардааст.

Тавре Штайнмайер гуфт, ҷараёни амалишавии созишномаи Минск дар бораи оташбас, ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, ба вижа баргузории интихобот "дар беҳтарин сурат бо суръати сангпушт" пеш меравад. "Имкон надорад, ки ин ҳолат тӯлонӣ идома кунад", - афзуд вазири корҳои хориҷии Олмон.

XS
SM
MD
LG