"Агар мо тасмим бигирем, ки садди роҳи Русия мешавем, пас мо дар ин бора мустақиман эълон хоҳем кард", - гуфт Уорк. Аммо вай мегӯяд, маҷмааи нав зидди Русия нигаронида нашудааст. "Гап дар бораи мудофиаи дастаҷамъии муттаҳидони НАТО, дар бораи мудофиаи Руминия ва нерӯҳои низомии ИМА дар Аврупо ва дар бораи мудофиаи зиддимушакӣ меравад", - афзуд Уорк.
Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО ва муовини визири мудофиаи ИМА Роберт Уорк дар нишасти хабарӣ дар Руминия суханронӣ карданд. Дабири кулли НАТО афзуд, ки ин маҷмаа қодир нест мушакҳои байниқитъавии Русияро бизанад, балки маҷмаа зидди Эрон нигаронида шудааст.
"Ин маҷмаа хосияти дифоӣ дорад. Ҷуғрофиёи Русия ва ҳам қонунҳои физика намегузоранд, ки маҷмаа зидди Русия бошад. Маҷмааи зиддимушакии НАТО наметавонад мушакҳои болдори байниқитъавии Русияро аз Румияни ва ё Лаҳистон ба нишон гирад. Маҷмааи мо барои бартараф кардани хатарҳое, ки аз беруни минтақаи Аврупову Атлантика мерасанд, нигаронида шудааст. Мо дар ин бора чандин маротиба ба Русия гуфта будем", - гуфтааст дабири кулли НАТО.