Ссылки доступа

Ҷавобгарии ҷиноӣ барои истифодаи бесарнишинҳо дар Ӯзбекистон


Дар сомонаи Хадамоти давлатии Ӯзбекистон лоиҳаи қонун "Дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноӣ ва маъмурӣ"-и ин кишвар баррасӣ мешавад.

Дар ин лоиҳа барои истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин аз 15 шабонарӯзи ҳабс то маҳрум шудан аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 10 сол ҷавобгарӣ пешбинӣ мешавад. Дар сурати ворид шудани ин тағйиру иловаҳо барои истифодаи беиҷозаи ҳарими ҳавоии Ӯзбекистон ҳам ҷазои ҷиноӣ ва ҳам маъмурӣ муқаррар хоҳад шуд.

Ҷавобгарии маъмурӣ барои истифодаи беиҷозаи ҳарими ҳавоии Ӯзбекистон, аз ҷумла тавассути ҳавопаймоҳои бесарнишин ҷарима дар ҳаҷми аз 100 то 200 нишондоди маоши ҳадди ақал ва ё 15 шабонарӯзи ҳабс бо мусодираи таҷҳизот пешбинӣ мешавад.

Дар сурати такрор шудани ин ҷиноят баъд аз ҷавобгарии маъмурӣ ё зарари сатҳи миёнаи ҷисмӣ ва ё зарари вазнини ҷисмӣ дар пай доштанаш шахс ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуда, ба муҳлати то ду сол ба корҳои ислоҳӣ ҷалб ё то се моҳ аз озодӣ маҳрум хоҳад шуд.

Ёдрас мешавем, аз 1 январи соли 2015 ба ин сӯ, дар Ӯзбекистон ворид, фурӯш ва истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин манъ шудааст.

XS
SM
MD
LG