Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак интихоб шуд


Палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон бо тарафдории бештари вакилон номзадии Раҷабмоҳ Бадриддиноваро ба мақоми Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар кишвар тасдиқ кард.

Номзадии Бадриддинова ба ин мақом аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон пешниҳод шуда буд. Вай ҳамзамон муовини Ваколатдори уҳуқуқи инсон дар кишвар аст, ки дар сурати набуданаш вазифаи ӯро ҳам иҷро хоҳад кард.

Моҳи декабри соли гузашта порлумони Тоҷикистон ба қонун дар бораи Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар кишвар тағйирот ворид карда, барои таъсиси мақоми Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак замина гузошт. Бештари намояндагони порлумони Тоҷикистон таъсиси Ваколатдори ҳуқуқи кӯдакро дар кишвар муҳим хонда, гуфтанд, ки вазъи кӯдакону ноболиғон онҳоро ба таъсиси ин мақом водор кард.

Созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ҳамеша аз сурат гирифтани ҳолатҳои зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон ва истифода аз нерӯи кории ноболиғону камбуди ғизои онҳо нигаронӣ мекунад. Таҳқиқоти ахир нишон додааст, ки сабаби кӯтоҳқад будани 300 ҳазор кӯдак дар Тоҷикистон истеъмоли ғизои камвитамин ва номуносиб аст.

XS
SM
MD
LG