Ссылки доступа

Даъвати коршиносони СММ аз Остона барои қатъи таъқиби эътирозгарон


Коршиносони Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи инсон аз мақомоти Қазоқистон даъват кардаанд, боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии ин кишварро, ки зидди ислоҳоти Кодекси замин эътироз кардаанд, хотима бахшанд.

Дар охирҳои моҳи апрел ва ибтидои моҳи майи соли равон дар сартосари Қазоқистон зидди хусусӣ шудан ва ба муҳлати тӯлонӣ иҷора додани заминҳои корам ба хориҷиён гирдиҳамоиҳои эътирозӣ баргузор гардид, ки барои ин кишвар падидаи наве буд.

Дар изҳороти коршиносони СММ омадааст, ки зидди баъзе аз иштирокдорони ин гирдиҳамоиҳо ва ҳатто баргузоркунандагони эътирозҳои танҳоӣ бо айби барангехтани ихтилофи иҷтимоӣ парванда боз шудааст.

Онҳо аз мақомоти Қазоқистон даъват кардаанд, ки ба ҳамагуна таъқибҳо фавран хотима бахшида шуда, барои ҳимояти ҷомеаи шаҳрвандӣ чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон ҳафтаи гузашта ба ислоҳоти Кодекси замини ин кишвар, ки боиси эътирозҳои мардумӣ шуд, моратория эълон кард.

XS
SM
MD
LG