Ссылки доступа

Обама дар сурати "хушунати Русия" ба Аврупо кумак мерасонад


Мавқеъгириҳои низомии рӯзафзуни Русия аз мавзуҳои муҳими мулоқоти 13 майи президенти ИМА Барак Обама бо панҷ роҳбари кишварҳои Аврупои Шимолӣ хоҳад буд.

Раҳбарони Шветсия, Дания, Финландия, Норвегия ва Исландия дар Вашингтон ҷамъ хоҳанд омад. Обама бо онҳо дар мавзуҳои муҳими амнияти ҷаҳонӣ, аз ҷумла буҳрони Сурияву Ироқ, ки ба фирори муҳоҷирон ба Аврупо боис шуд, дар Кохи сафед гуфтугӯ мекунад.

Ғасби Қрим аз сӯи Русия дар соли 2014 ҳамсояҳои Русия - кишварҳои Шимолии Аврупо ва кишварҳои соҳили Балтикро нигарон кард. НАТО имкониятҳои пешгирӣ аз густариши хушунати Русияро баррасӣ мекунад. Кохи сафед мехоҳад ба муттаҳидонаш аз Аврупои Шимолӣ собит кунад, ки аз онҳо пуштибонӣ хоҳад кард.

Мудири аршад дар Шӯрои Амнияти милли ИМА Клифф Купчан мегӯяд, "ба ин тартиб дастгоҳ ният дорад паём диҳад, ки ИМА дар масъалаи амнияти минтақа ҷиддан шомил аст ва мо баррасӣ хоҳем кард, ки барои беҳтар кардани вазъ чӣ тадбирҳоеро хоҳем андешид", - афзудааст Купчан.

XS
SM
MD
LG