Ссылки доступа

Шикояти занҳои сиёсатмадори Фаронса аз озору азияти ҷинсӣ


Дар Фаронса 17 зан, ки дар гузашта ба ҳайси вазир кор кардаанд, бо нашри як изҳорот зидди озору азияти ҷинсӣ садо баланд намуданд.

Дар ин изҳорот гуфта шудааст, ки бонувони сиёсатмадор дигар дар бораи озору азияти ҷинсӣ дар доираҳои сиёсӣ хомӯш нахоҳанд монд.

Тибқи гузориши Радиои байналмилалии Фаронса, ин занҳо, ки миёнашон раиси Бунёди байналмилалии асъор Кристин Лагард ҳам ҳаст, гуфтаанд, онҳо низ озори ҷинсӣ дидаанд. Дар изҳороти ин 17 вазири пешини Фаронса таъкид шуда, ки гӯиё ҳар панҷумин зан дар коргоҳаш бо шаҳватхоҳии мардҳо рӯбарӯ мешавад, аммо пинҳон доштани ин мавридҳоро авло мешуморад.

Ҳафтаи гузашта муовини раиси палатаи поёнии порлумони Фаронса Денӣ Бопен баъд аз айбдор шуданаш дар озори ҷинсӣ аз вазифаи худ истеъфо дод. Бопен ин айбро дар ҳаққаш туҳмат дониста, мегӯяд, ба додгоҳ шикоят мебарад.

XS
SM
MD
LG