Ба гузориши Вазорати корҳои дохилии Русия, дар ин занозанӣ наздик ба 200 нафар иштирок доштаанд. Бар асоси иттилои пешакӣ, ба муҳоҷирони кории тоҷику ӯзбек зодаҳои Қафқози Шимолӣ ҳамла кардаанд.
Дар натиҷаи ин задухурд, се шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуда, беш аз 20 тани дигар захм бардоштаанд. Кумитаи тафтишотии Русия дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз карда, тибқи иттилои мақомоти пулис, беш аз 100 нафар боздошт шудааст. Бозтақсими даромади қабристон мояи занозанӣ шумурда мешавад.
Яке аз коргарони қабристони Хованское мегӯяд, бештари боздоштшудаҳо шаҳрванди Тоҷикистонанд. "Ба мо ҳамла карданд ва боз худи моро гунаҳкор медонанд. Аз ҷониби ҳамлагарон танҳо чанд кас дастгир шудааст", - мегӯяд ӯ.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар рӯзи 14 май бо ҳамтои русаш Владимир Колоколтсов дар як суҳбати телефонӣ ин ҳодисаро баррасӣ кардааст.