Ссылки доступа

Таҷлили Рӯзи модар дар Қирғизистон


Дар Қирғизистон 15 май Рӯзи модарро ҷашн гирифтанд. Соли 2012 президенти Қирғизистон фармонеро имзо кард, ки бар асоси он ҳамасола якшанбеи севуми моҳи май дар ин кишвар ҳамчун Рӯзи модар таҷлил мешавад.

Дар арафи ин ҷашн президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев 1902 модари қаҳрамонро бо ордени "Баатир эне" (қаҳрамонмодар) қадрдонӣ карда, ба 437 модаре, ки беш аз 6 фарзанд тарбия кардаанд, медали "Данк" тақдим намудааст.

Отамбоев инчунин аз модарони Марат Исоев (нафаре, ки занеро дар метрои Москва наҷот дода буд), варзишгарон Валентина Шевченкову Ойсулуу Тинибекова ва модари додраси байналмилалии ФИФА Баҳодур Кочкарову раҳбари гуруҳи КВН "Азия MIX" Элдиёр Кененсаров қадрдонӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG