Ссылки доступа

Нахустин пойгаи шавҳарҳои занбардӯш дар Қазоқистон


Бори аввал дар Қазоқистон бахшида ба Рӯзи байналхалқии оила мусобиқаи шавҳарҳои занбардӯш баргузор шуд. Дар ин мусобиқа танҳо он ҷуфтҳое ширкат карданд, ки никоҳи расмӣ доштанд.

Ширкатдорони дав на танҳо бояд талош мекарданд, ки нахустин шуда ба марра бирасанд, балки эҳтиёт кунанд, то ҳамсаронашон ҷароҳат набардоранд. Дар ғайри ин сурат ҳисоби холҳои ширкатдорон коҳиш меёфт ё аз мусобиқа берун мешуданд. Дар ҳамин ҳол вазни занҳо набояд аз 49 килограм кам мебуд.

Мусобиқаи дав бо занҳо дар сари китф (Wife carrying World Championship) - шуруъ аз соли 1992 дар Финландия ҳамасола баргузор мегардад. Дар ҳоли ҳозир чунин мусобиқа дар кишварҳои дигари аврупоӣ ва ҳамчунин дар Осиёву Амрико доир мешавад.

XS
SM
MD
LG