Ссылки доступа

"Хабарнигорони бидуни марз": ғасби РБК ангезаи сиёсӣ дорад


Ихроҷи роҳбарияти идора яке аз усулҳои қадимии саркуб кардани расонаҳои мустақил дар Русия аст, омадааст дар изҳороти "Хабарнигорони бидуни марз".

Ин созмон амали саркубгароёна нисбати расонаи мустақили Русия РБК-ро маҳкум кард. Ихроҷи сармуҳаррирони РБК - ин "зарбаи муҳкаме ба расонаҳои мустақили Русия аст", омадааст дар изҳороти созмони байналхалқӣ.

13 мая сармуҳаррири нашрияи РБК Максим Солюс ихроҷ шуд, баъди вай муҳаррири холдинг Елизавета Осетинская ва сармуҳаррири хабаргузории РБК Роман Баданин баъди нашри мақолаи "Муқобили қасри Путин" дар наздикии Геленҷик садафпарварӣ мекунанд", аз кор ронда шуданд.

"Бояд эътироф кунем, ки дар Русия дигар ҷое барои таҳқиқот ва гузоришгарӣ - он чӣ ки асоси рӯзноманигории босифат аст, намондааст. Фасоди сартосарӣ ва фаъолияти дигари ғайриқонунии ҳукумат амалан ба муҳимтарин асрори давлат табдил шудааст", - омадааст дар гузориши "Хабарнигорони бидуни марз".

Аз ҳамин хотир сарфи назар аз шарҳи нақшаи иқтисодӣ, ки роҳбарияти ҳолдинг баён кард, ҷои шубҳае нест, ки ихроҷи 3 сармуҳаррир ангезаи сиёсӣ дорад.

XS
SM
MD
LG