Ссылки доступа

Мактабиён бояд коғазпора ва китобҳои Каримовро биоранд


Ukraine -- Pupils organized concert for soldiers, Kyiv 04Feb 2015

Ukraine -- Pupils organized concert for soldiers, Kyiv 04Feb 2015

Дар вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон мактаббачаҳоро маҷбур мекунанд, ки коғазҳои нодаркор ҷамъ намоянд. Бар иловаи ин, онҳо вазифадор шудаанд, ҳар кадоме ду китобӣ аз асарҳои президент Ислом Каримовро биоранд.

Дар Ӯзбекистон теъдоди беҳисоби китобҳои даврони шӯравӣ, ки замоне хондан ва ҳифзи онҳо ҳатмӣ буд, ҳоло ба коғазпораи нодаркор табдил ёфтаанд. Ҷойи онҳоро асарҳои Ислом Каримов ишғол кардааст.

"Дар мактаб ба мо гуфтанд, ки китобҳои Каримов бояд дар рафҳои шишагӣ гузошта шавад ва амр шуда, ки китобҳои калонҳаҷми президентро биорем. Фаҳмида мешавад, онҳоро дар рафҳои мактаб мегузоранд. Барои чӣ ба ҷойи Вазорати маориф мо бояд онҳоро бихарем?", - мегӯяд бо як нигаронӣ мактаббачае аз вилояти Сурхандарё дар суҳбат бо хабарнигори бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ.

Ба назари ҳуқуқшиносон, вазифадор кардани мактаббачаҳо барои ҷамъ кардани коғазҳои нодаркор зидди қонун дар бораи манъи истифодаи нерӯи кӯдакон аст.

"Ин кор боиси дур шудани кӯдакон аз омӯзиш мешавад. Водор кардани кӯдакон барои ҷамъоварии коғазпора, оҳанпора ва ё ба ҷойи он овардани пул яке аз тамаъҷӯиҳои ҳукумати Ӯзбекистон аст", - гуфтааст ҳуқуқшинос аз шаҳри Тошканд Сурат Икромов.

Баъзе аз мудирони мактабҳои Сурхандарё дар суҳбати бемикрафон бо бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки ба онҳо аз ҳокимияти маҳаллӣ амр шудааст, то коғазпора ҷамъ кунанд. Намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ дар навбати худ мегӯянд, дар ин бора ба онҳо аз Девони вазирони Ӯзбекистон дастур шудааст.

XS
SM
MD
LG