Ссылки доступа

Саргсян ва Алиев дар Вена оташбаси Қарабоғро "нав карданд"


.
.

Дар шаҳри Вена мулоқоти нахустини раҳбарони Озарбойҷон ва Арманистон баъд аз бад шудани вазъ дар Қарабоғи Куҳӣ баргузор шуд. Дар ин бора сухангӯи президенти Арманистон Владимир Акопян дар саҳифаи Твиттераш хабар додааст.

Ин мулоқот бо миёнаравии ҳамраисии гуруҳи Мински САҲА - Русия, ИМА ва Фаронса баргузор мешавад. Дар рафти он ҳоло вазирони корҳои хориҷии Русия,Фаронса ва ИМА иштирок доранд. Бино бар охирин хабар тарафҳо ба оташбаси нав ва чораҳои назорати он даст ёфтаанд.

Ин вохурии нахустини раҳбарони Озарбойҷону Арманистон баъд аз бад шудани вазъ дар Қарабоғи Куҳӣ аст.

Хабаргузории ТАСС бо истинод ба манбааш дар яке аз ҳайатҳо иттилоъ дода, ки ҷонибҳо барои нашри изҳороти ниҳоие талош доранд, ки бояд ба ҳалли сиёсии низоъ дар Қарабоғи Куҳӣ кӯмак намояд.

XS
SM
MD
LG