Ссылки доступа

Боздошти узви шӯрои КТ-и Русия баъди занозании Хованск


Юрий Чубаев, мудири пешини қабристони Хованск, ки дар робита ба занозании охир дар ин қабристон боздошт шуд, аъзои шӯрои Кумитаи тафтишотии (КТ) Русия аст.

Ба ҷуз вай, миёни 14 гумонбари ин парванда корманди пулис Никита Мошенко, ки баъди айбдоршавӣ дар авбошӣ аз ВКД ронда шудааст, низ ҳаст.

Дар маҷмуъ тибқи иттилои ВКД-и Русия дар занозании қабристони Хованск, ки 14 май рух дод, наздики 200 нафар иштирок доштааст. Дар ин занозанӣ ва тирпарронӣ 3 кас кушта, бештар аз 20 нафар бистарӣ шудааст. Бештар аз 100 гумонбар боздошт гардидааст. Сабаби аслии ин рухдодро муфаттишон "далелҳои молӣ" унвон мекунанд.

Порлумони Тоҷикистон дар робита ба марги 3 шаҳрванди кишвар изҳори нигароӣ кард.

XS
SM
MD
LG