Ссылки доступа

Дар Афғонистон эътирозгарон масири барқро "тағйир" медиҳанд


Ҳазорон нафар аз намояндагои ақаллияти ҳазора дар Кобул раҳпаймоӣ баргузор карда, аз ҳукумат хостанд, то масири хати интиқоли барқро тағйир диҳад.

Эътирозгарон муваффақ шуданд, то ризоияти мақомотро барои тағйири масири сохтмони хати баландшиддати барқе, ки Туркманистонро бо Кобул мепайвандад, ба даст оранд. Мақомот эълон карданд, ки комиссияи махсус то 26 май хулосаашро нашр мекунад.

Ашраф Ғанӣ, президенти Афғонистон ширкатдорони тазоҳуротро барои эътирози оромона ва бидуни хушунат ташаккур гуфт.

Сохтмони хатти баландшиддати нерӯи барқ қисме аз лоиҳаи байналхалқие аст, ки дар ин лоиҳа Туркманистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон ширкат доранд. Бино бар тарҳи пешина ин хат аз вилояти Бомиён мегузашт, ки аксари сокинонаш аз қавми ҳазораанд. Баъдан масири хат бо ҳадафи сарфаҷӯӣ дар сохтмон тағйир дода шуд. Мақомот мегӯянд, масири нав муҳлати сохтмонро метезонад ва аз нигоҳи иқтисодӣ миллионҳо доллар сарфаҷӯӣ мешавад.

Дар Афғонистон ҳамагӣ аз 30 то 40 дарсади аҳолӣ бо нерӯи барқ таъминанд.

XS
SM
MD
LG