Шумори ҷабрдидаҳои ин таркиш ба беш аз 200 нафар мерасад. Наздик ба 40 тани онҳо ҳоло аз молики фурудгоҳ дар ҳаҷми аз 50 то 700 миллион рубл ҷуброн талаб доранд.
Молики "Домодедово" барои пардохти товони ҷабрдидаҳо бунёди махсус таъсис медиҳад. Тавре иттилоъ медиҳанд, омодагии Каменшик барои пардохти ҷуброн метавонад ба қатъи парвандаи ҷиноӣ зидди мудирони фурудгоҳ кӯмак кунад.
Дмитрий Каменшик дар хидматрасонии номутобиқ ба меъёрҳои амниятӣ айбдор шуда, аз моҳи феврал ба ин сӯ дар ҳабси хонагӣ қарор дорад. Дар натиҷаи таркиши террористие, ки 24 январи соли 2011 аз ҷониби як маргталаб дар толори парвози фурудгоҳи "Домодедово" анҷом дода шуд, 37 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 170 тани дигар захм бардоштанд.