Ссылки доступа

Ба тазоҳуроти "Порлумони мардумӣ" танҳо чанд нафар омад


Иттиҳоди ҷамъиятии "Порлумони мардумӣ" имрӯз, 17 май дар Майдони ғалабаи шаҳри Бишкек тазоҳурот эълон карда буд, вале барои ширкат дар он ҳамагӣ чанд кас омадааст.

Қаблан намояндаҳои ин иттиҳод гуфта буданд, ки дар гирдиҳамоии онҳо наздик ба 50 ҳазор одам иштирок хоҳад кард. Теъдоди кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва рӯзноманигорон дар макони баргузории тазоҳурот бештар аз ширкаткунандагони гирдиҳамоӣ буд.

"Порлумони мардумӣ" моҳе пеш таъсис ёфт. Вале ҳафтаи гузашта раҳбарони он аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон боздошт гардида, дар омодагӣ ба ғасби ҳукумат айбдор шуданд.

XS
SM
MD
LG