Ссылки доступа

Ҷавоби радди ҳокими Остона ба баргузории тазоҳурот


Ҳокимияти Остона ба дархости иҷозаи гуруҳи ташаббускоре, ки мехост 21 май дар майдони марказии пойтахти Қазоқистон зидди ислоҳоти замин тазоҳурот баргузор кунад, ҷавоби рад додааст.

Нусхаи ин ҷавобро, ки дар он имзои ҳокими Остона Одилбек Ҷақсибеков дида мешавад, шоми дирӯз, 16 май яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии ин кишвар Бахитҷон Торегоҷина дар Фейсбук нашр кард.

Тибқи нома, гуруҳе аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Қазоқистон, ки худро аъзои ҳаракати навтаъсиси "Алаш ҷоли" муаррифӣ мекунанд, ба ҳокимияти Остона муроҷиат карда, барои баргузории гирдиҳамоӣ дар майдони марказии пойтахти ин кишвар иҷозат хостаанд.

Онҳо дар ин муроҷиатномаашон гуфтаанд, мехоҳанд рӯзи 21 дар эътироз ба ислоҳи Кодекси замин, ки ба муҳлати тулонӣ иҷора додани заминҳои корамро ба хориҷиҳо иҷоза медиҳад, дар назди ёдгории "Байтерек" гирдиҳам оянд.

Ҳокими Остона ба далели "номуносибии ҷойи баргузории тазоҳурот" дархостро рад карда, зз ҷумла, гуфтааст, ки ин тасмим ба хотири таъмини ҳуқуқу озодии шаҳрвандон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, фаъолияти дурусти нақлиёт, ва иншооти зерсохторию ҳифзи гулгаштҳо гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG