Ссылки доступа

Баъди хабари эътироз пулиси Қазоқистон фишорро бештар кард


Баъди паҳн шудани хабари баргузории эътирози саросарӣ дар Қазоқистон "дар масъалаи замин", пулис фаъолонро боздошт мекунад ва дар Остонаву дигар минтақаҳои ин кишвар тафтиш мегузаронад.

Баъди нашри ин хабар дар шабакаҳои иҷтимоӣ мақомоти қудратӣ фаъолони шаҳрвандиро ба бозпурсӣ даъват ва бархеро боздошту бозҷӯӣ мекунанд. Ҳоло аз бозпурсии фаъолони шаҳрвандӣ Жанат Есентаев ва Исатой Утепова дар вилояти Ғарбии Қазоқистон хабар дода мешавад.

Дар Остона манзили вакили пешини порлумони ин кишвар Уалихон Қайсаров кофтукоб шудааст. Қайсаров узви гуруҳи тадорукоти баргузории гирдиҳамоӣ дар Остона аст.

Дар маҷмуъ бештар аз 20 фаъоли ҷамъиятӣ дар шаҳрҳои гуногуни Қазоқистон боздошт ва ё бозпурсӣ шудаанд. Аммо сухангӯи департаменти корҳои дохилии Остона София Қилишбекова мегӯяд, дар мавриди боздоштҳо ва кофтукобҳо ҳеч маълумоти расмӣ надорад.

XS
SM
MD
LG