Ссылки доступа

Мавҷи селу обхезӣ ба Тоҷикистон осеб овард (видео)


Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, танҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ наздик ба 10 ҳазор одам зарар дидааст.

Тоҷикистон тавассути Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид аз ҷомеаи ҷаҳонӣ барои рафъи оқибатҳои сел, ки рӯзҳои 9 ва 12 май омад, кӯмак хостааст. Ин офати табиӣ ҳазорҳо хонаро хароб карда, талафоти ҷонӣ низ дар пай дорад.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар, танҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ наздик ба 2500 хоҷагӣ дар натиҷаи ин офати табиӣ зарар дидааст, ки мешавад шумори осебдидаҳоро наздик ба 10 ҳазор одам гуфт. Дар ноҳияи Айнӣ ва Панҷакент низ дар пайи омадани сел 147 хона вайрон шуда, боғу киштзорон зери обу гил мондаанд. Дар натиҷа се нафар ба ҳалокат расидааст.

Ҳавошиносони Тоҷикистон аз идома ёфтани номусоидии ҳаво дар кишвар ҳушдор дода, аз сокинон даъват кардаанд, ба минтақаҳои осебпазиру ҷойҳои хавфнок сафар накунанд.

XS
SM
MD
LG