Ссылки доступа

Тақвияти чораҳои амниятӣ дар Тоҷикистон


Дар Тоҷикистон дар остонаи баргузории раъйпурсӣ барои тағйири Конститутсия чораҳои амниятӣ тақвият бахшида шудаанд.

Масъулони Вазорати корҳои дохилӣ мегӯянд, ки ба хотири ҷилавгирӣ “аз тавтеаи бадхоҳони кишвар” вазъ ҷиддӣ назорат мешавад ва нерӯҳои изофӣ барои таъмини амният сафарбар шудаанд.

Як масъули Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳар кишвари дунё дар остонаи маъракаҳои муҳими сиёсӣ чораҳои амниятӣ рӯи даст гирифта мешаванд, зеро эҳтимоли он вуҷуд дорад, ки гурӯҳҳои харобкор амали бадхоҳонае анҷом диҳанд. Ҳарчанд, ба гуфтаи вай, тамоми интихоботҳои Тоҷикистон дар 25 соли ахир ором анҷом шудааст, аммо масъулони ниҳодҳои қудратӣ ба хотири таъмини амнияту оромӣ аз ҳоло омода шудаанд.

Ҳоло дар хиёбонҳои шаҳрҳои Тоҷикистон гаштугузори кормандони пулис бештар шудааст ва дар аксар биноҳои маъмурӣ навбатдории шабона ташкил шудааст. Дар аксари биноҳои маъмурӣ посбонҳои маъмулиро ҳамчунин дунафарӣ аз кормандони ин ниҳодҳо ҳамроҳӣ мекунанд.

Раъйпурсии умумихалқӣ 22 май баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG