Ссылки доступа

Даъвати Freedom House аз Остона барои раҳоии фаъолон


Созмони ғайридавлатии амрикоии Freedom House аз ҳукумати Қазоқистон даъват кардааст, то фаъолонеро, ки аз тасмимашон барои иштирок дар тазоҳуроти 21 май дар "масъалаи замин" хабар дода буданд, озод намояд.

"Айби эълоннамудаи мақомот зидди фаъолон ва талошҳо барои пешгирӣ аз баргузории тазоҳуроти мусолиматомез нишондиҳандаи бетаҳаммулии ҳукумати Қазоқистон дар баробари дигарандешӣ аст", - гуфтааст Роберт Ҳерман, муовини раиси Freedom House дар умури ташаббусҳои байналмилалӣ.

Сар аз рӯзи сешанбе дар минтақаҳои гуногуни Қазоқистон дасти кам 12 фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дастгир шуда, танҳо дар шаҳри Алмаато ҳадди ақал 5 нафар, аз ҷумла Бахитҷон Торегочина, яке аз ҳомиёни ҳуқуқ 15 шабонарӯз ҳабс гардидааст. Дар шаҳри Остона нисбати Мақсад Илясули, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва узви Комиссия оид ба ислоҳоти замин, ки бо дастури Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон таъсис ёфт, 10 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъйин кардаанд.

Дар Уралск Ҷанат Есентаев, шоир ва фаъоли дигари ҷомеаи шаҳрвандии Қазоқистон ҳам барои се рӯз дар марҳилаи тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноиаш ба ҳабс гирифта шудааст. Дар шаҳри Атирау низ нисбати ду фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Макс Боқаев ва Талқат Аён ҳабси маъмурӣ таъйин гардидааст.

Корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам мегӯянд, баъд аз нашри матлаб дар бораи "масъалаи замин" дар саҳифаҳояшон барои бозпурсӣ ба идораи пулис ва додситонӣ даъват мешаванд.

XS
SM
MD
LG