Ссылки доступа

ВКД: "Порлумони мардумӣ" ба иштирокчиёни тазоҳурот пул ваъда кардааст


Намояндаҳои иттиҳоди ҷамъиятии "Порлумони мардумӣ" барои иштирок дар тазоҳуроти Майдони ғалабаи шаҳри Бишкек ба шаҳрвандон 1000 сомӣ пешниҳод кардаанд. Дар ин бора Хадамоти матбуотии ВКД-и Қирғизистон хабар додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, дар наздикии Майдони ғалаба 7 нафар аз ҷониби кормандони пулис боздошт шудааст. Ҳангоми бозпурсӣ муайян гардид, ки шахсоне бо номи Рашид ва Съездбек ба онҳо барои иштирок дар гирдиҳамоӣ 1000 сомӣ ваъда кардаанд.

Баъдан Абдурашиди 49-сола дастгир шуд, ки ба кормандони пулис мардеро бо номи Болуш муаррифӣ кардааст. Вай гуфтааст, ҳамсари Б.Т. ва хешовандонашро, ки барои баргузории тазоҳурот дар назди бинои Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ва Майдони ғалабаи Бишкек 20 ҳазор сом доданд, мешиносад.

Ёдрас мешавем, "Порлумони мардумӣ" моҳе пеш таъсис ёфт. Ҳафтаи гузашта раҳбарони ин иттиҳод аз ҷониби кормандони КДАМ-и Қирғизистон боздошт шуда, дар омодагӣ ба ғасби ҳукумат айбдор гардиданд. "Порлумони мардумӣ" рӯзи 17 май дар Майдони ғалабаи Бишкек тазоҳуротеро баргузор кард, ки ҳамагӣ чанд кас дар он иштирок намуд.

XS
SM
MD
LG