Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон ҳомии ҳуқуқро иҷборан бистарӣ карданд


Анҷумани байналхалқии ҳуқуқи меҳнаткашон (ILRF) 1 март эълон кард, ки ҳомиёни ҳуқуқ барои сифатҳои раҳбарӣ, ҷасорат ва вафодорӣ ба пешаашон дар решакан кардани меҳнати маҷбурӣ соҳиби ҷоиза шудаанд.

Тавре Малоҳат Эшонқулова, рӯзноманигори мустақил ва ҳомии ҳуқуқи Ӯзбекистон мегӯяд, дар рӯйхати соҳибҷоизаҳо номи се ҳомии ҳуқуқи ӯзбек ҳам буд. "Аммо яке аз ин соҳибҷоизаҳо - Елена Урлаева, роҳбари Эътилофи ҳомиёни ҳуқуқии Ӯзбекистонро маҷбуран дар беморхонаи бемориҳои руҳӣ бистарӣ кардаанд. Ҳадаф аз бистарӣ кардани вай ин аст, ки намегузоранд, то Елена барои дарёфти ҷоиза ба ИМА равад. Ҳоло бе сабаб муҳлати бистарӣ шудани ӯро тамдид мекунанд", - мегӯяд Малоҳат Эшонқулова.

Елена Урлаева - яке аз камшумортарин ҳомиёни ҳуқуқ аст, ки дар Ӯзбекистон боқӣ монда, поймолшавии ҳуқуқии инсон дар ин кишварро таҳқиқ мекунад. Давоми чанд соли охир вай дар саҳроҳои пахта мониторинг мегузаронад ва шахсан бо қурбониёни меҳнати маҷбурӣ дар мавсимҳои ҷамъоварии пахта мулоқот мекунад. Маросими эътои ҷоизаҳо 12 май дар Вашингтон бидуни ҳузури Елена баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG