Ссылки доступа

Бори нахуст як ҳамҷинсгаро фармондеҳи артиши Амрико таъйин шуд


Сенати Конгресси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико номзадии Эрик Фэннингро, ки тамоюли ҷинсии ғайриурфияшро пинҳон намедорад, ба мақоми раҳбарии маркази фармондеҳии артиши ин кишвар пазируфт.

Вай нахустин ҳамҷинсгароест, ки яке аз вазифаҳои баланд дар қувваҳои мусаллаҳи Амрикоро бар уҳда мегирад.

Давоми чанд соли ахир Фэннинг дар вазифаҳои баланд дар Вазорати дифои ИМА, аз ҷумла дар мақоми муовинии вазири дифоъ кор кардааст. Пазируфтани вай ба ин мақом ҳамчун рӯйдоди муҳим дар ҳаёти ҷомеаҳои ҳамҷинсгаро дониста мешавад.

"Тасдиқи таърихии Эрик Фэннинг ба мақоми раҳбарии маркази фармондеҳии артиши Амрико аз идомаи ҳаракати баробарӣ ва адолат дар қувваҳои мусаллаҳи мо хабар медиҳад", - гуфтааст Чад Гриффин, раиси созмони ҳуқуқи инсони Human Rights Campaign. Аз ин қарори сенат бештари сенаторҳои шинохта истиқбол кардаанд.

Таъйин шудани Эрик Фэннинг ба ин вазифаи баланд дар Вазорати дифои ИМА танҳо яке аз қадамҳои Барак Обама аст, ки дар даврони президентии вай тамоюли ғайриурфии ҷинсӣ натавонист дигар барои кор дар артиш монеа эҷод кунад ва имтиёзҳои давлатӣ барои ҷуфтҳои ҳамҷинс вусъат ёфт.

XS
SM
MD
LG