Ссылки доступа

Москва: кушта шудани гаравгонгири кормандони бонк


Раёсати корҳои дохилии шаҳри Москва кушта шудани мардеро, ки дар шарқи пойтахти Русия ба бонк ҳамла карда буд, тасдиқ кард.

Ин ниҳод мегӯяд, ҳамлагар замоне, ки мехост бомбаи худсохтро ба кор дарорад, аз ҷониби сарбозони Воҳиди таъиноти махсус кушта шуд.

Тибқи иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамаи гаравгонон озод шуда, ба ҷони онҳо чизе хатар надорад.

Қаблан хабар дода буданд, ки шаби 18 ба 19 май ба идораи "Бонки қарзии Москва" дар кӯчаи Первомай ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифта, чанд тан аз кормандонаш гаравгон гирифта шудааст.

Тахминан соатҳои 20:37 ба идораи пулис занг зада гуфтаанд, марди ниқобпӯше дохили бонк шуда, бо истифода аз силоҳ ба кормандон таҳдид мекунад ва намегузорад, онҳо аз идора берун раванд.

Ин мард ҳангоми гуфтушунид бо кормандони пулис пули зиёд талаб карда, гуфтааст, дар сурати ҷавоби рад гирифтан бонкро метарконад. Баъдан маълум шуд, вай беш аз чаҳоруним миллион рубл ва 13 ҳазор евро хостааст.

Инчунин аз сурат гирифтани тирпаронӣ дар ин бонк ҳам хабар дода буданд.

XS
SM
MD
LG