Ссылки доступа

Могерини: вазъи амниятии Тоҷикистон шикананда аст


Федерика Могерини, масъули равобити хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, ки бо вуҷуди раъйпурсии тағйири қонуни асосӣ Иттиҳоди Аврупо кумакҳояшро ба Тоҷикистон қатъ намекунад.

Могерини гуфтааст, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо баргузории раъйпурсӣ, ки қудраташро таҳким мебахшад, худро дар шароити душвори сиёсӣ қарор хоҳад дод. ​

Масъули равобити хориҷии Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, дипломатҳои баландпояи Аврупо, аз ҷумла худи ӯ, масъалаи ҳамапурсӣ барои тағйиру ислоҳоти Конститутсияро бо мақомоти тоҷик дар миён гузоштаанд.

Дар посух ба суоли вакили порлумони Иттиҳоди Аврупо Здислав Краснодебский Могерини афзудааст, роҳбарияти Иттиҳоди Аврупо бо ҳукумати Тоҷикистон раъйпурсии қарибулвуқуъро борҳо баррасӣ кардааст. Ба гуфтаи Могерини, "вазъи амниятӣ дар Тоҷикистон ва дар ҳамаи кишварҳои дигари минтақа шикананда боқӣ монда, буҳрони иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ сабаби поин рафтани сатҳи зиндагӣ дар Тоҷикистон шудааст".

Бо назардошти ҳамин шароит, ба гуфтаи Федерика Могерини, Иттиҳоди Аврупо кумакҳояшро ба Тоҷикистон идома медиҳад ва аз ҷумла имтиёз барои кишварро, ки метавонад, маҳсулоташро бе боҷ ва ё боҷи камтар ба Иттиҳоди Аврупо содир кунад, нигаҳ медорад.

XS
SM
MD
LG