Ссылки доступа

Ёдбуди қурбониёни бадарғаи тоторҳои Қрим дар Украина


Дар Киев ва шаҳрҳои дигари Украина бахшида ба 72-умин солгарди бадарғаи тоторҳои Қрим чорабиниҳо баргузор шуд.

Петр Порошенко, президенти Украина ҳангоми суханронӣ дар Операи миллии Киев гуфтааст, "Украина ва ҷаҳон набояд ба такрор шудани фоҷеаи мардуми тотори Қрим роҳ бидиҳанд".

Вай таъкид кардааст, ки Украина ҳатман Қримро дубора ба ҳайаташ бармегардонад. Порошенко гуфта, ки бо ҳадафи таъсиси худмухтории тоторҳои Қрим пешниҳод дорад, ба Конститутсияи Украина тағйирот ворид шавад.

Ҳамасола дар Қрим бахшида ба солгарди Рӯзи бадарға чаробиниҳои оммавӣ баргузор мешуданд. Аммо баъди ғасби Қрим аз сӯи Русия дар соли 2014 чунин чорабиниҳоро дар маркази Симферопол манъ карданд.

18 майи соли 1944 аз ин нимҷазира нахустин қатори ҳомили тоторҳои Қрим ба Осиёи Марказӣ фиристода шуд. Дар давоми се рӯз бештар аз 180 ҳазор тотор бадарға шуда буд. Беш аз 30 ҳазор нафари онҳо дар нахустин соли баъди бадарғаашон аз гуруснагию сардӣ ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG