Ссылки доступа

Осетинская: барканориҳо дар РБК ба бозтоби "Ҳуҷҷатҳои Панама" рабт дорад


Елизавета Осетинская, сармуҳаррири пешини РБК-и Русия қарори барканории як қатор кормандони ин маҷмуаи расонаиро ба нашри матлабҳо дар бораи "Ҳуҷҷатҳои Панама" марбут донистааст.

Осетинская дар суҳбат бо Financial Times гуфтааст, баъди таҳқиқот дар бораи ширкатҳои офшории шахсони наздики Владимир Путин, президенти Русия вай аз рӯзноманигорони РБК хост, ба омӯзиши ин масъала идома бидиҳанд. Ба назари Осетинская, рӯзноманигорон дуруст кор кардаанд, зеро ин таҳқиқоти нашрия барои хонандаҳо ҷолиб буд.

Раҳбарияти РБК 13 май Максим Солюс, муҳаррири нашрияро аз вазифааш барканор кард. Баъди вай Елизавета Осетинская, сармуҳаррири холдинг ва Роман Баданин, сармуҳаррири хабаргузории РБК ҳам аз кор ронда шуданд.

Созмони байналмилалии "Хабарнигорони бидуни марз" ин барканориҳоро яке аз усулҳои саркӯби расонаҳои мустақил дар Русия хонд.

Мақомоти Кремл даст доштани худ дар барканории кормандони РБК-ро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG