Ссылки доступа

Даъвати Назарбоев ба "ваҳдат"


Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон дар як ҷаласа дар Остона гуфт, комиссияи ислоҳоти замин "дар мавриди такмили қонунгузории замин мавқеи ҳамоҳангшуда"-ро бояд коркард кунад. Дар ин бора хадамоти матбуотии президенти Қазоқистон хабар медиҳад.

Назарбоев баъди он ки дар чанде аз шаҳрҳои Қазоқистон "дар масъалаи замин" эътирози оммавӣ баргузор шуд, дастур дод, то ин комиссия таъсис шавад. Хадамоти матбуотии Назарбоев менависад, президент ҳамчунин аз ҳокимони вилоят ва раисони Остонаву Алмаато даъват кард, ки дар "корҳои фаҳмондадиҳӣ" дар масъалаи замин "нақши фаъол" дошта бошанд.

Шуруъ аз 6 май дар ин кишвар мораторияи имзокардаи Назарбоев қуваи қонунӣ гирифт. Ин моратория то соли 2017 идома мекунад.

Назарбоев ҳамчунин дар ин ҷаласа ба ҳифзи "ягонагиву ваҳдат" ва ҳалли "масъалаҳои душвор" бо кумаки "гуфтугӯи солим" даъват кард.

Ин изҳороти Назарбоев дар пасманзари ҳабси фаъолон ва шаҳрвандони Қазоқистон бо айби омодагӣ ба эътирози ғайриқонунӣ дар "масъалаи замин", садо медиҳад.

XS
SM
MD
LG