Ссылки доступа

Хонаи Қодирҷон Ботиров моликияти Боқиевҳо шуд


Хонаи истиқоматии Қодирҷон Ботиров ба Санҷар Боқиев дода шуд, хабар медиҳад роҳбари шуъбаи судиҷрочиёни ноҳияи Сузаки Қирғизистон Динислом Кожоакматов.

Дар манзили зикршуда Ботиров ҳамроҳи хонаводааш то соли 2010 истиқомат мекард. Бо қарори додгоҳ ин хона ба Санҷар Боқиев - бародарзодаи президенти пешини Қирғизистон Қурмонбек Боқиев дода шудааст.

Додгоҳ ин қарорро баъди аризаи даъвогии пайвандони Боқиев қабул кардааст. Онҳо шикоят кардаанд, ки Ботиров бо ҷонибдоронаш дар ҳодисаҳои соли 2010 манзили Боқиевҳоро оташ задаанд.

Додгоҳи шаҳрии Ҷалолобод даъвои Боқиевҳоро қонеъ карда, ба онҳо 7,4 миллион сом (муодили тақрибан 740 ҳазор сомонӣ) ҷуброн таъйин кард. Манзили Ботиров дар деҳаи Дмитриевка ду бор ба фурӯш гузошта шуд. Аммо касе онро нахарид, аз ин рӯ моҳи апрели соли 2016 додгоҳи вилоятӣ ин манзилро ба Санҷар Боқиев дод.

Қодирҷон Ботиров баъди ҳодисаҳои моҳи июни соли 2010, ки вай дар ташкили ин ҳодисаҳо гунаҳкор дониста мешавад, аз Қирғизистон фирор кард. Ботиров дар ҷустуҷӯи байналхалқӣ аст, тибқи баъзе хабарҳо, дар Шветсия паноҳандагии сиёсӣ гирифтааст.

XS
SM
MD
LG