Ссылки доступа

Ҳавопаймои Egypt Air бо 56 мусофир дар фазои Миср нопадид шуд


Ҳавопаймои мусофирбари Airbus-320-и Egypt Air, ки аз Париж ба самти Қоҳира парвоз мекард, аз экрани радар нопадид шудааст. Дар ин бора намояндаҳои ширкати ҳавопаймоӣ хабар додаанд.

Дар дохили ин ҳавопаймо 56 мусофир, аз ҷумла се кӯдак ва 10 узви экипаж, ки шаҳрванди 12 кишваранд, қарор доштаанд.

Ҳавопаймои Egypt Air шаби чаҳоршанбе соати 23:09 дақиқа ба вақти маҳаллӣ аз Париж парвоз карда, бояд баъди севуним соат дар фурудгоҳи шаҳри Қоҳира ба замин менишаст.

Экрани радар бори охир ҳавопайморо дар фазои Миср, болои баҳри Миёназамин, ки яке аз гузаргоҳҳои серҳаракати ҳавоӣ ба ҳисоб рафта, Аврупоро бо Ховари Миёна мепайвандад, нишон додааст.

Airbus-320-и Egypt Air баъди 16 километр дохил шудан ба фазои Миср нопадид шуда, он лаҳза дар баландии беш аз 11 ҳазор метр будааст. Намояндаҳои ширкат гуфтаанд, ҳавопаймо ҳангоми анҷоми парвози панҷуми худ дар ин рӯз ғайб зад.

Ба ҷустуҷӯи Airbus-320 ду ҳавопаймо аз Юнон низ ҳамроҳ шудааст. Намояндаҳои низомии Юнон гуфтаанд, киштиии дидбон ба макони эҳтимолии суқути ҳавопаймо раҳсипор шуда, ду чархболи дигар низ барои парвоз ба ҷазираи Карпатос дар баҳри Мармар ё Эгей ба хотири анҷоми амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот омодагӣ мебинанд.

XS
SM
MD
LG