Ссылки доступа

Ӯзбекистон соҳиби чархболҳои низомӣ шуд (видео)


Ширкати муштараки олмониву фаронсавии Airbus Helicopters - яке аз ширкатҳои пешгоми чархболсозии ҷаҳон барои нерӯҳои низомии Ӯзбекистон чархболҳои борбари Super Puma ва чархболҳои сабуки AS 350 Ecureil фурухтааст. Дар ин бора бо такя ба манбае дар ширкати I-mash хабар медиҳад сомонаи Ca-News.

Бино бар иттилои I-mash, дар соли 2013 Ӯзбекистон бо Airbus Helicopters барои харидани 8 чархболи борбар ва 8 чархболи сабук бо қимати наздик ба 180 миллион евро шартномаи махфӣ бастааст.

Иҷроиши ин шартнома ба таърих афтодааст, зеро ҳукумати Олмон дар ибтидо бино бар далелҳои сиёсӣ (ин кишвар Ӯзбекистонро ҳамчун давлати "ғайридемократӣ" эътироф мекунад) намехост ба Тошканд чархлбол фурӯшад, хабар медиҳад сомона.

Тобистони соли 2014 Airbus Helicopters ду чархболи нахустинро ба Ӯзбекистон расонид, аммо интиқоли 14 чархболи боқимонда то моҳи марти соли 2015 аз сӯи Олмон ба таъхир андохта шуд. Танҳо ибтидои соли 2016 чархболҳои боқимонда ба Ӯзбекисон оварда шудаанд.

XS
SM
MD
LG