Ссылки доступа

Зарбаи буҳрон ба бозори рекламаи Тоҷикистон (видео)


Дар шароити буҳрони кунунии иқтисодӣ бозори замоне сердаромади рекламаи берунаи Тоҷикистон касод шуда, агентиҳои таблиғотӣ ҳам маҷбур шудаанд, онро тарк кунанд.

Бо вуҷуди 75% арзон шудани арзиши як метри мураббаи лавҳаҳои таблиғотӣ шумораи онҳо дар хиёбонҳои Душанбе қариб ним баробар кам шудааст.

Сабаби ин коҳишро Шералӣ Ҷӯрабоев, мудири ширкати Sky Central Asia/Tajikistan дар бӯҳрони иқтисодӣ ва аз ҳад зиёд насб шудани лавҳаҳо дар давраи гармии бозори рекалама мебинад.

То соли 2011 паёмҳои бозаргонии танҳо ширкатҳои мобилӣ ба буҷаи телевизионҳои давлатӣ то 500 ҳазор доллари амрикоӣ фоида меовард. Ҳоло намояндагони ин ширкатҳо ба хотири кам кардани хароҷоти реклама рӯ ба интернет овардаанд.

Азамат Зикирёев, мудири ширкати "Форекс" гуфт, дар пайи таъсири буҳрон хариду фурӯш кам шуда, буҷаи ҳамаи ширкату корхонаҳо ҳам маҳдуд гаштааст.

"Буҳрон ба мо ҳам таъсир кардааст ва ба кормандон мефаҳмонем, ки вазъ ҳамин хел аст ва маошу даромадҳо метавонад камтар шавад. Зеро муштарӣ кам шудааст", - мегӯяд Зикриёев.

Ҳоло дар Душанбе танҳо 5-6 ширкати бузурги пешниҳодкунандаи тоблу ва ё лавҳаҳои рекламавӣ дар хиёбонҳо боқӣ мондааст. Дар пайи бӯҳрони молӣ теъдоде аз ин ширкатҳо бозорро тарк кардаанд.

XS
SM
MD
LG