Ссылки доступа

ИМА: имконоти низомии Русия дар Сурия тағйир наёфтааст


Қудрати низомии Русия дар Сурия амалан аз замони эълони берун бурдани қисми асосии низомиёни Русия аз ин кишвар тағйир наёфтааст, дар ин бора имрӯз намояндаи Пентагон дар Бағдод хабар дод.

Русия моҳи март эълон карда буд, ки қисми асосии низомиёнашро аз Сурия берун мебарад.

"Онҳо нерӯи низомӣ доранд, нерӯҳои хушкигардашонро дар Сурия нигаҳ медоранд, онҳо силоҳи артилерӣ доранд. Нерӯҳои махсусашон он ҷо аст, ки ба режими Сурия ёрдам мерасонанд", - шарҳ дод намояндаи Пентагон дар умури робита бо расонаҳо Стивен Уоррен.

Ба гуфтаи вай, артиши Русия дар наздикии Полмиро як пойгоҳи муваққатии низомӣ таъсис додааст, ҳарчанд ҳоло гуфтан душвор аст, ки ин пойгоҳ муваққатист ё дарозмуддат. "Онҳо дар наздикии Полмиро пойгоҳ таъсис доданд... Сохтмони ин пойгоҳро идома медиҳанд", - гуфт Стивен Уоррен.

Дар ҳамин ҳол, вай афзуд, вақтҳои охир гуруҳи тундгарои "Давлати исломӣ" аз сӯи нерӯҳои Русия зарбаи бештар мебинад. Дар моҳҳои аввали амалиёти ҳавоии Русия аксарияти зарбаҳои ҳавопаймоҳои русӣ зидди нерӯҳои мухолифи Сурия равона мешуданд.

XS
SM
MD
LG