Ссылки доступа

Даъвати ҳукумати Қазоқистон ба "баррасии фаъоли ислоҳоти замин"


Бакитҷон Сагинтоев, муовини аввали сарвазири Қазоқистон, Аскар Мирзахметов, вазири кишоварзӣ ва Мухтор Қул-Муҳаммад, муовини аввали раиси ҳизби "Нур Отан" дар Остона изҳор доштанд, ки ҳукумат "сухани онҳоеро, ки дар масъалаи замин ҳарфи гуфтание доранд, хоҳад шунид".

Роҳбарони ҳукумат ва ҳизби президент гуфтанд, онҳо аз шаҳрвандон даъват мекунанд, ки дар баррасии ислоҳоти замин дар доираи комиссияи ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона дошта бошанд. Ин комиссия баъди эътирозҳои оммавӣ зидди тағйирот ба Кодекси замини Қазоқистон ташкил шуд. Тағйироти кодекси замин азхудсозӣ ва ба хориҷиён ба муҳлати тӯлонӣ иҷора додани заминро дар назар дошт. 5 май ба ин тағйирот моратория эълон шуд.

- Ҳар як савол таҳлил мешавад, он саволҳое, ки ба кодекси замин дахл доранд, дар доираи фаъолияти комиссия баррасӣ мешаванд, боқимонда ба мақомоти дахлдор равона мегарданд. Мо ҳавасмандем, ки теъдоди бештари сокинони мо ба баррасии масъалаи мазкур ҷалб шаванд, аз ҳамин хотир ҳамаи шӯроҳои ҷамъиятии назди ҳокимони Остона, Алмаато ва вилоятҳо ба ин кор сафарбар шудаанд, - гуфтааст Бакитҷон Сагинтоев.

Муовини аввали сарвазири Қазоқистон мегӯяд, ҷаласаи навбатии комиссияи ислоҳоти замин 21 май дар Остона баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG