Ссылки доступа

Сабти махфии латукӯби дӯстдорони Ҳолӣ интернетро ба шӯр овард


Сабти 16-дақиқаии саршор аз дашному ҳақорат, таҳдид ба таҷовуз, садоҳои шаллоқ, гиряву фарёд бахши тоҷикии шабакаҳои иҷтимоиро ба шӯр оварда, хашми ҳомиёни ҳуқуқро барангехтааст.

Дар шарҳи ин садо, ки ба таври махфӣ дар телефони мобилӣ сабт шудааст, гуфта мешавад, як гуруҳ духтарону писарони ҷавон баъди таҷлил аз ҷашни Ҳолӣ аз сӯи милисаҳо боздошт ва лату кӯб шудаанд.

​Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҷавонону наврасоне, ки ҳангоми боздошт таҳқир шудаанд, даъват кард, то ба мақомоти корҳои дохилӣ шикоят баранд. Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи ВКД тасдиқ кард, ки воқеан 15 май дар кӯчаҳои шаҳр як гуруҳ ҷавонон баъди таҷлили Ҳолӣ боздошт шудаанд. Аммо баъди бозпурсӣ ҳамаи онҳо раҳо гардидаанд.

Дилрабо Самадова, узви Эътилофи созмонҳои иҷтимоии зидди шиканҷа сабтро омӯхта ба хулоса расидааст, ки "милисаҳо дар давоми 16 дақиқа 25 маротиба ба сари боздоштшудаҳо даст бардоштаанд".

Ба гуфтаи ташкилкунандагони Ҳолӣ, сарфи назар аз он ки ин ҷамъомад бо мақомот ҳамоҳанг шуда буд, қисме аз ширкатдорон дар роҳ ба сӯи хонаҳояшон аз сӯи милисаҳо боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG