Ссылки доступа

Эътирози занон дар назди намояндагии ИА дар Душанбе


Як гуруҳ аз ҷавонон ва занони тоҷик бо либоси азодорӣ дар назди дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе гирдиҳам омада, аз дипломатҳои аврупоӣ талаб карданд, шахсони ба гуфтаи онҳо "хоин"-ро ба Тоҷикистон супоранд.

Ҳидоят Бишчевич, раҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон аз ин талаби эътирозгарон дар бораи супоридани раҳбарони мухолифи тоҷик ба Душанбе дар ҳайрат аст.

"Иттиҳоди Аврупо аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ин уҳдадориро дар ихтиёр надорад, ки роҳбарони мухолифонро баргардонад. Қаблан ҳам, баъди ҳодисаҳои ҳамсон ман мақомоти тоҷикро аз ин сиёсати миллии ИА огаҳ карда будам. Воқеан намефаҳмам, ки чаро бархеҳо бо вуҷуди суръати рушди ҳамкориҳои ИА бо Тоҷикистон, мизони кӯмакҳое, ки дар соҳаҳои иқтисоду тандурустӣ ва маориф ба ин кишвар мерасонад, талош доранд, онро “душмани” тоҷикон хонанд?”, - мегӯяд Бишчевич.

Ҳидоят Бишчевич гуфт, ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо бо Тоҷикистон солҳои охир бо вуҷуди ҷой доштани мушкилот дар соҳаҳои ҳуқуқи инсон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, озодии баёну дини ин кишвар бо суръати баланд рушд мекунад.

XS
SM
MD
LG