Ссылки доступа

САҲА ба интихоботи Донбасс пулисҳои нозирро мефиристад


САҲА имконияти фиристодани пулисҳои нозирро ба интихоботи маҳҳалӣ дар Донбасс, ки аз сӯи ҷудоихоҳони Украина назорат мешавад, баррасӣ мекунад. Дар ин бора дабири куллии созмон Ламберто Заннер хабар дод.

Ба гуфтаи вай, нозирон аз садҳо нафари мусаллаҳ иборат хоҳанд буд. Дар ҳоли ҳозир дар Украина нозирони бесилоҳи САҲА оташбаси минтақаро назорат мекунанд.

Роҳбари САҲА афзуд, тағйири муқаррароти нозирон, ки инро президенти Украина Петр Порошенко хостааст, танҳо бо ризоият ду тарафи даргир дар Донбасс имконпазир хоҳад буд.

Киев аз сафарбар шудани пулисҳои мусаллаҳи нозир ба Донбасс ҳимоят мекунад, вале Москва ва ҷудоихоҳон зидди ин қароранд.

Мақомоти Украина борҳо гуфтаанд, ки интихобот дар минтақаҳои берун аз идораи онҳо танҳо дар сурате имконпазир аст, ки пулисҳои нозири САҲА ҳузур дошта бошанду низомиён ва техникаҳои ҳарбии Русия берун бурда шуда, идораи марзҳои шарқӣ ба ихтиёри Киев вогузор гардад.

Киев ва кишварҳои Ғарб Москваро ба он айбдор мекунанд, ки аз ҷудоихоҳон ҳимоят карда, ба онҳо ниеру ва силоҳ мефиристад. Аммо Русия ин ҳама айбро рад карда, дар навбати худ Украинаро гунаҳкор мекунад, ки иҷрои раванди сулҳро кашод медиҳад ва қонун дар бораи ғайримарказикунонии қудратро имзо намекунад.

XS
SM
MD
LG