Ссылки доступа

Раъйпурсии Тоҷикистон баргузоршуда эълон гардид (видео)


Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) раъйпурсии 22 майро баргузоршуда эълон кард.

Ба иттилои манбаъ, дар раъйпурсӣ барои ислоҳи конститутсияи Тоҷикистон беш аз 66 дарсади шумори умумии раъйдиҳандагон иштирок кардаанд.

"Аз ҷониби нозирон ва иштироккунандагон дар бораи рафти баргузории раъйпурсӣ ҳеч гуна шикоят ворид нашудааст", - гуфт раиси КМИРТ Бахтиёр Худоёрзода.

Ислоҳи конститутсия ба Эмомалӣ Раҳмон ҳаққи пешбарии номзадӣ ба мақоми президентӣ бе маҳдудият ва ба писари бузургаш Рустами Эмомалӣ иштироки озод дар интихоботи президентии соли 2020-и Тоҷикистонро медиҳад.

Инчунин бар асоси тағйиру иловаҳои воридшуда таъсиси ҳизб ва иттиҳодияҳои дорои хусусияти динӣ ва милатгароӣ дар Тоҷикистон манъ мешавад.

XS
SM
MD
LG