Ссылки доступа

Кобул кушта шудани раҳбари Толибонро тасдиқ кард


Идораи амнияти миллии Афғонистон кушта шудани раҳбари гуруҳи Толибон Мулло Ахтар Мансур дар Покистонро тасдиқ кард.

Ба иттилои ин ниҳод, Ахтар Мансур ҳамроҳ бо чанд тан аз ҷангиёнаш дар натиҷаи ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Амрико ба мошини онҳо дар вилояти Балуҷистон кушта шудааст.

Хабари ҳалокати Ахтар Мансур дар натиҷаи ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини амрикоиро аз гуруҳи Толибон фармондеҳ Мулло Абдурауф ҳам тасдиқ кард. Вале ҷангиёни дигари гуруҳ ин иттилоъро беасос хондаанд.

Қаблан Пентагон аз эҳтимоли кушта шудани Мулло Ахтар Мансур дар натиҷаи як ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишинаш дар минтақаи марзии Афғонистон бо Покистон хабар дода буд.

Исломобод гуфт, анҷоми ин ҳамлаи низомии Амрико тамомияти арзии Покистонро зери суол бурдааст. Зеро бар асоси иттилои Вазорати корҳои хориҷии Покистон, гӯиё Навоз Шариф, сарвазири ин кишварро аз ҳамлаи низомӣ танҳо баъди анҷоми он огаҳ кардаанд.

Ахтар Мансур аз моҳи июли соли гузашта ба ин сӯ, баъд аз оне ки ҳукумати Афғонистон хабари марги Мулло Муҳаммад Умар, раҳбари пешини Толибонро дар бемористони Карочӣ тасдиқ кард, раҳбарии ин гуруҳро бар уҳда гирифта буд.

XS
SM
MD
LG